Боздошти ҳудуди 70 эътирозгар дар Русия
Дар шаҳрҳои мухталифи Русия рӯзи 1-уми август ҳудуди 70 нафар эътирозгарро боздошт карданд. Онҳо бо пуштибонӣ аз сокинони вилояти Хабаровск, ки наздики як моҳ боз барои раҳоии Сергей Фургал, губернатори ин вилоят эътироз мекунанд, ба кӯчаҳо баромада буданд. Ҳамоиши эътирозӣ дар 20 шаҳри Русия баргузор шуд. Онҳо аз ҳукуматдорон норизоӣ карданд. Ин ҳамоишро расман иҷозат надода буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барои "кабутаронро дон додан" ба майдони марказии шаҳр рафтанд. Читать дальше...