Парвиз Каримов ба финали қаҳрамонии бокси Осиё роҳ ёфт
Парвиз Каримов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон ҷараён дорад, ба финал баромад.
Ин муштзани тоҷик дар вазни то 90 кило дар марҳилаи ниманиҳоӣ бар намояндаи Ҳиндустон Харш Чоудхари бо қарори доварон бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст овард ва ба финал роҳ пайдо кард.
Каримов дар даври ниҳоӣ рӯзи 10-уми апрел бо намояндаи Узбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё мубориза мебарад.
Бояд зикр намуд, вай соли 2024 дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Тайланд дар вазни то 92 кило соҳиби нишони нуқра шуда буд. Дар финал Каримов аз муштзани қазоқ Сагюндюк Тогамбай шикаст хӯрд.
Муштзани дигари Тоҷикистон Некрӯз Салимов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор дар вазни то 80 кило дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз намояндаи Урдун Ҳусейн Ишаиш, қаҳрамони Осиё дар соли 2022, бо қарори доварон бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда, бори аввал нишони биринҷии қаҳрамонии Осиёро соҳиб шуд. Ин дуюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор мебошад.
Қобили зикр аст, ки Некрӯз Салимов дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Ҷопон – Кай Торийабе тариқи нокаутдастболо шуда, дар чаҳорякфинал бар намояндаи Индонезия – Майихел Роберрд Мускитаро бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, қаблан Миҷгона Самадова, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Улан-Батор медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 57 кило миёни занон бар намояндаи Муғулистон Номин-Эрдене Тугҷаргал бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада, дар нифинал аз Пунрави Руэнрос аз Тайланд, дорандаи нишонҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, инчунин қаҳрамони Осиё ва Бозиҳои осиёӣ, бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон 30-юми март оғоз ёфт, то рӯзи 10-уми апрел идома мекунад. Ба иттилои сомонаи asianboxing.org дар маҷмуъ 230 муштзан аз 25 кишвари Осиё дар ин мусобиқа иштирок доранд. Мардон дар 10 вазн ва занон низ дар 10 вазн рақобат мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) дохиланд. Муштзанҳои дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.