Қамчибек Тошиев баъди барканорияш ба Бишкек баргашт
Қамчибек Тошиев баъд аз се рӯзи барканорияш аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон шаби 13-уми феврал ба Бишкек баргашт. Тарафдоронаш мегӯянд, шояд ӯ нишасти хабарие барпо кардаву ба саволҳо дар бораи таҳаввулоти охирин посух диҳад.
Тошиев дар Олмон буд ва ҳамроҳонаш гуфтанд, ӯ дар ин кишвари аврупоӣ табобат мегирифт.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал фармони аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод кардани ин ҳампаймонашро имзо кард. Вай гуфт, қарори барканории Тошиев бо мақсади “пешгирӣ аз ҷудоиандозӣ дар ҷомеа ва миёни сохторҳои ҳукуматӣ” қабул шуд.
Худи Ҷабборов, ки бори аввал ин мавзуъро рӯзи ҷумъа барои нашрияи Kabar.kg шарҳ дод, гуфт, пеш аз қабули ин қарор бо Тошиев телефонӣ гап зада, сипас онро имзо намуд. Вале Тошиев дар изҳороте аз Олмон барканориашро як қарори “ногаҳонӣ” номида буд.
Дар пайи ин, се муовини Тошиев ҳам аз мақом маҳрум шуда, дар Кумитаи амният дигаргунии сохторӣ сурат гирифт. Рӯзи панҷшанбе раиси порлумон Нурланбек Турғунбек уулу, ки ӯро як шахси наздик ба Тошиев меномиданд, аз мақомаш канор рафт.
Содир Ҷабборов гуфт, баъзе аз одамон “пушти номи Тошиев пинҳон шуда” ба сиёсатмадорон, ходимони иҷтимоӣ ва рӯшанфикрон занг задаву “ба тарафдорӣ аз генерал” даъват кардаанд.
Аз 75 имзогузори нома ба президенти Қирғизистон дар бораи барпо кардани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ панҷ нафар дастгир шудаанд. Ин панҷ нафарро, ки дар байни онҳо собиқ муовини нахуствазир, муовини пешини вазири умури дохилӣ, вакили собиқ ва дигарҳо ҳастанд, дар талоши ташкили бетартибиҳои оммавӣ гумонбар медонанд.
Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки давоми панҷ соли гузашта Ҷабборов ва Тошиев як навъ тавозуни нерӯ дар қудрат ва раҳбарии кишварро таъмин мекарданд.