Ҳафт созмонро дар Тоҷикистон бо қарори додгоҳ барҳам додаанд
Кори ҳафт созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон соли 2025 бо қарори додгоҳ қатъ карда шудааст.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, "ин созмонҳо аз доираи оинномаашон берун фаъолият карданд."
"Масалан, аз Вазорати маориф иҷозатнома надорад, фаъолияти таълимӣ бурдааст. Ё бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ дар бахши тиббӣ кор кардааст. Мақсади мо ҳамин аст, ки созмонҳо дар доираи оинномаашон бояд фаъолият кунанд," – шарҳ дод ӯ.
Ҳафт созмони иҷтимоӣ, ки бо қарори додгоҳ барҳам дода шудаанд, Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, "Маъюбон, мо метавонем”, Меҳри модар”, “Ассосиатсияи дӯстодорони табиати Суғд”, “Чорбоғи Азиз”, “Федератсияи истифодабарандагони об” ва ва “Шӯрои рушди шаҳри Панҷакент” ҳастанд.
Як намояндаи Маркази таҳқиқоти журналистӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “баъзе аз камбудҳои хурду резаро асос карда, онро барҳам доданд”. Вай афзуд, мақомот дар бораи рафъи камбудҳо ба онҳо ҳеч огоҳинома надода буданд.
Дар Вазорати адлия гуфтанд, ки дар соли гузашта 78 созмони дигари иҷтимоӣ “бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла душвории молӣ” худро барҳам додаанд.
Ба иттилои расмӣ, дар умум дар Тоҷикистон 1700 созмони иҷтимоӣ фаъол ҳастанд.
Вазъи созмонҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ аз соли 2015, пас аз ислоҳи қонунгузорӣ, бад шуд ва бино ба омори расмӣ дар се соли охир беш аз ҳазор созмони иҷтимоӣ барҳам дода шудаанд.
Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хостааст, барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ шароити беҳтар ва “сабти такрории созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро, ки маҷбур ба қатъи фаъолият шудаанд, фароҳам оварад”.