Раҳимзода аз истирдоди садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа хабар дод
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар давоми солҳои охир сохторҳои ҳифзи қонуни кишвар 2500 шаҳрвандеро, ки “дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул буда, дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи мамлакатҳои бегона иштирок доштанд, баргардониданд”.
Вазир Рамазон Раҳимзода дар ин бора зимни сафараш ба ноҳияи Ёвон ва мулоқот бо фаъолони маҳаллӣ сӯҳбат кардааст. Сомонаи ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 феврал хабар дод, ки дар суханрониаш дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Раҳимзода инчунин дар бораи таҳдидҳои мисли ҷалби ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ ва ҳам узвият дар созмонҳои мамнӯъ изҳори нигаронӣ кардааст.
Ҷузъиёти бештаре дар бораи омори аз хориҷа баргардонидашудаҳо нашр намешавад, вале матбуоти мустақил борҳо дар бораи таъқибу истирдоди на танҳо муттаҳамон дар содир кардани ҷиноятҳои воқеӣ, балки мухолифон ва мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон аз хориҷа ҳам хабар додааст.
Чунин бозгардонҳои баҳсбарангез солҳои охир аз кишварҳои мисли Туркия, Олмон, Австрия, Фаронса ва Полша ҳам сурат мегирад ва дар миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки барои саркӯби озодиҳои сиёсиву фишор ба ҷомеаи маданӣ ҳукумати Тоҷикистонро ошкор танқид кардаанд.