Ба Тоҷикистон барои нерӯгоҳи "Роғун" $100 млн медиҳанд
Ба Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар ҷудо мешавад. Дар ин бора рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Дубай миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд созишнома ба имзо расидааст.
Бар асоси ин санад, 100 миллион доллар барои сохтмони "Роғун" пешбинӣ шудааст. Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфтааст, "ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и Неругоҳи барқи обии "Роғун" мебошад".
Ҷузъиёти ин созишнома ошкор нашудааст. Маълум нест, ки Фонди Абу Дабӣ оид ба Рушд кай ва бо кадом шартҳо барои нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.
Соли 2024 Бонки ҷаҳонӣ барои "Роғун" 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.
Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.
Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.