"Бо садо ва симои зебо". Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт
Маросими дафни ӯ, имрӯз, 16-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ӯ дар даҳҳо филм дар замони шуравӣ ва дар замони истиқлол нақш офаридааст.
Қурбон Собир, ҳунарманди тоҷик ва яке аз дӯстони Мӯсоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ҳеҷ беморие шикоят надошт, вале сабаби маргаш сактаи қалбӣ гуфта мешавад.
“Ӯ ҳунарманде набуд, ки гӯем, фалон нақшаш хуб буд ва фалон нақшаш хуб набуд. Ҳама корҳояш хуб буд. Меъёри ҳақиқати бознигарӣ дар ҳама корҳояш буд. Метавонист, филм чандон хуб набошад, ё филмнома хуб набошад, аммо ҷое, ки ӯ нақш меофарид, ҳама кор хуб буд.”,--гуфт ӯ.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, Назирмад Мӯсоев соли 1985 пас аз нақшофарӣ дар филми “Ӯ маро хӯш дорад” ("Я ей нравлюсь") маъруф шуд.
“Ӯ ба синамои мо ҳамчун як чеҳраи киноӣ ворид шуданд. Чеҳра ва садои зебояшон коргардонҳоро мафтун карда буд. Дар солҳои истиқлол ҳам хеле фаъол буд. Ҷавонҳо ҳамеша ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳо даъват мекарданд. Беғараз буданд. Ҳатто нархи нақшофариро намепурсид. Аз ӯ касе ҳарфи нохуб нашунидааст. Ҳамеша табассум дар лабаш буд. Ҳар рӯз сари кор меомад ва дар кинову дар театр фаъол буданд.”,--гуфт Сафар Ҳақдодов.
Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, корманди театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд.
Намоишномаҳои “Панҷ зани Хоҷа Насриддин”, “Тарма”, аз ҷумлаи саҳнаҳои театрӣ буданд, ки дар ду соли ахир ӯ дар онҳо нақш бозидааст.