Дар таркиши балони газ дар Панҷакент 12 нафар захмӣ шуданд
Дар натиҷаи таркидани як балони газ дар чойхонаи "Самарқанд" дар шаҳри Панҷакент 12 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон расонда шудаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса касе нобуд нашудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса пеш аз чоштгоҳи рӯзи душанбе, 25-уми январ руй додааст. Ба гуфтаи сарчашма, сокини деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондара Ёлқин Тиллоев чойхонаро ба иҷора гирифта будааст.
Мақомот гуфтаанд сабаби таркиш "риоя карда нашудани қоидаҳои бехатарӣ" аст.
Дар бораи ин ҳодиса аз сарчашмаҳои мустақил то кунун маълумоти пурра дастрас нест. Як хабарнигори маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд шумораи захмиён аз 15 нафар бештар бошад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардааст.