Нахустин электробус дар кӯчаҳои Тошканд ба гардиш даромад
![Нахустин электробус дар кӯчаҳои Тошканд ба гардиш даромад](https://gdb.rferl.org/373817FC-3821-4140-A88A-1654BCFB8CB0_w800_h450.jpg)
Нахустин электробус, ки оғози моҳи сентябр ба шаҳри Тошканди Узбекистон оварда шуда буд, рӯзи шанбеи гузашта дар кӯчаҳои шаҳр ба гардиш даромад.
Ба иттилои мақомот, автобуси санҷишӣ рӯзи 7-уми сентябр ба гардиш даромад.
Vitovt Electro E420 бо низоми захирасозии энержӣ муҷаҳҳаз аст, ки гардиши нақлиётро давоми 21-25 км таъмин мекунад. Электробус давоми 6-8 дақиқа нерӯ мегирад. Ғунҷоиши ин нақлиёт аз 90 мусофир иборат аст.
Электробуси Е420 "Витовт Электро" аз сӯи ширкати "Белкоммунмаш"-и Белорус истеҳсол шудааст.