Танишҳо баъди ҳамлаҳои ИМА ба ҷангҷӯён дар Ироқ зиёд шуд
ИМА гуфт, ки бар зидди ҷангҷӯёне, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд, барои ҳамлаҳои маргбори як рӯз пешашон болои нирӯҳои ғарбӣ дар Ироқ ҳамлаҳои мушакии ҷавобӣ анҷом дод. Низомиёни амрикоӣ рӯзи 12 март гуфтанд, ки дар саросари Ироқ ба захирагоҳҳои аслиҳаи ҷангҷӯёни ниманизомии шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ “зарбаҳои дақиқ” заданд. Дар изҳорот омадааст, ки ҳамлаҳо “дифоӣ, мутаносиб ва посухгӯи мустақими ҳамлаҳое буданд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷангҷӯёни шиамазҳаби мавриди ҳимояти Эрон” анҷом гирифтанд. Читать дальше...