Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд
![Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони](https://gdb.rferl.org/06faa636-3cb8-41d4-808f-657de1aad407_tv_w800_h450.jpg)
Шоми 13 август мақомоти тоҷик 12 кӯҳнаварди осебдида (шаҳрвандони Русия, Беларус ва Испания) дар ҳодисаи рӯзе пеш дар кӯҳистонро ба беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе интиқол доданд. Як нафар аз халабонҳои зиндамондаи тоҷик ҳам дар ҳамин ҷо мебошад. Дар ҳодисаи нишасти дурушти чархбол рӯзи 12 август панҷ нафар кушта шуд.