Сомонаи санҷиши хабарҳои дурӯғ дар Қирғизистон ба кор сар кард
![Сомонаи санҷиши хабарҳои дурӯғ дар Қирғизистон ба кор сар кард](https://gdb.rferl.org/EE41FC50-EFCF-4BF0-B26D-436177BFDEBF_w800_h450.jpg)
Дар Қирғирзистон сар аз 1 июни соли равон сомонаи factcheck.kg ба кор даромад, ки "фейкҳо"-ро ошкор ва дурусти хабари расонаҳову шабакаҳои иҷтимоиро муайян хоҳад кард.
Ба гуфтаи як масъули сомона, то ба имрӯз дар он беш аз 50 мавод бо ду забон, аз ҷумла таҳқиқи қарордоди иҷораи чархболҳо миёни Қирғизистон ва Уганда, матлабҳо дар бораи манфиатҳои олигархи қазоқ Алмос Минбоев нашр шудааст.
Бештар ба ошкор кардани хабарҳое таваҷҷуҳ хоҳад шуд, ки бадбинии миллӣ ва диниро бармеангезанд. Дар сомона ҳамчунин дарсҳои видеоии омӯзиши фарҳанги расонаӣ ва дақиқ кардани иттилоъ низ ҷойгир карда шудааст.
Далелсанҷӣ дар рӯзноманигорӣ жанри навест, ки ба санҷиш ва дақиқ кардани иттилоъ равона шудааст.