Паноҳҷӯи афғон барои таҷовуз ва куштори як зан дар Олмон ҳукми абад гирифт
Додгоҳи Олмон рӯзи 22 март як паноҳҷӯйро, ки гуфта мешавад аз Афғонистон аст, барои таҷовуз ва куштори як зан ба зиндони абад маҳкум кард.
Ҳусейн Ховарӣ, ки соли 2015 бе ягон санад вориди Олмон шуд, эътироф кард, ки моҳи октябри соли 2016 ба духтари 19-сола Мария Ладенбургер дар шаҳри ҷанубу ғарбии Фрайбург ҳамла кард.
Додситон гуфт, ки Ховарӣ духтарро аз дучарха тела дод, баъд ӯро газид, роҳи нафасашро баст ва сипас таҷовуз кард. Ҳамлагар ӯро дар ҳоле канори дарё гузошт, ки ҳанӯз зинда буд ва ин зан баъдан ғарқ шуд.
Ховарӣ баъди ҳафт ҳафтаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ боздошт шуд.
Ин мард дар гузашта барои талоши куштор дар Юнон 10 сол ҳукми зиндон гирифт, аммо бинобар пур будани маҳбасҳо ӯро соли 2015 озод карданд.
Мақомоти Олмон натавонистанд синну сол ва шаҳрванди кадом давлат будани Ховариро тасдиқ кунанд. Ӯ дар оғоз худро наврас муаррифӣ кард, аммо мутахасисон баъди санҷиши дандонпизишкӣ ва рентген ба хулосае омаданд, ки Ҳусейн Ховарӣ метавонад аз 22 то 29 сол дошта бошад.
Ин қазия намоишҳои эътирозиро алайҳи садри аъзами Олмон Ангела Мерекел барпо кард.
Бар пояи қонунҳои Олмон, ҳукми зиндони абад 15 соли зиндонро бе имкони бознигарии парванда дар назар мегирад ва зиндонӣ баъди озод шудан таҳти "назорати амниятӣ" қарор намегирад.