Ҷузъиёти задухӯрд дар марз. Ду афсари тоҷик кушта, ду сарбоз захмӣ шудаанд
Дар пайи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ду афсари тоҷик кушта ва ду сарбоз захмӣ шудаанд. Ҳодиса баъди нисфирӯзии 24 декабр дар наздики деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух додааст.
Манобеи Радиои Озодӣ аз яке аз афсарони кушташуда Зиребон Наврӯзбеков ном бурданд, ки бо зарби шаш тир ба ҳалокат расидааст.
Зиребон Наврӯзбекови 33-сола, зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, ҷасадашро баъди ташхису шиносоӣ ба зодгоҳаш интиқол додаанд.
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб, ҷасади афсари дигар Исматулло Қурбонови 28-сола ба ҷуқурии 200-метрии яке аз ғорҳои ин минтақа афтодааст.
Ҳоло ба гуфтаи манбаъҳо, барои баровардани ҷасади ин афсар, як гурӯҳи наҷотбахшон ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Исматулло Қурбонови 28-сола зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будааст.
Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хизмат мекарданд.
Дар паёме бо акси ин ду нафар, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, навишта шудааст, ки "ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ-ҷангӣ дар задухӯрд бо гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон захмӣ гардида, ба ҳалокат расиданд".
Манбаъҳо ҳамчунин гуфтанд, ки ду сарбози захмишударо ба бемористон интиқол додаанд. Аммо гуфта нашуд, ки ба кадом бемористон.
"Ҳодиса баъди нисфирӯзӣ иттифоқ меафтад. Вақте марзбонҳо қоҷоқбаронро мебинанд ва фармони муҳосира шуданро медиҳанд, онҳо ҳамла мекунанд ва ин ҳолат боиси захмиву кушта шудани марзбонҳои тоҷик мешавад",-гуфтанд манбаъҳои Радиои Озодӣ.
Манбаҳои ҷудогона, аз мақомоти интизомии минтақа ва вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз он тараф се қочоқбари сартопо мусаллаҳ кушта шудааст. Ин манбаъҳо гуфтанд, ки ҳоло ҳувияти ин афрод шиносоӣ нашудааст.
Танҳо ба гуфтаи манбаъҳо, аз қочоқбарони кушташуда мусалсал ё автоматҳои "МКА", "Калашников" ва "туфангча" ва гирифта шудааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷик аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Ҷое, ки ба гуфтаашон қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷангҷӯён камин гирифтаанд.
Дар як моҳи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон ду ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ шудаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд. Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро ҳамлаи террористӣ номиду маҳкум кард ва Чин хоҳони таҳқиқи ҳарду ҳодиса шуд.