Тазоҳуроти тоҷирон дар Бишкек зидди низоми вижаи андозбандӣ
Эътирозгарон гуфтанд, низоми вижаи андозбандӣ, ки барои тоҷирони "Дордой" ҷорӣ шудаааст, барои соҳибкорон, аз ҷумла дузандаҳо мушкил эҷод мекунад.
Тоҷирон аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки иҷозат диҳанд, то фаъолияташонро дар асоси патент идома диҳанд.
Хадамоти давлатии андози Қирғизистон 29 ноябр гуфт, соҳибкорони бозорҳои "Дордой" ва "Қарасуу"-и вилояти Ӯш аз аввали соли 2024 дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) истифода нахоҳанд кард.
Ба иттилои хадамот, ин бозорҳо ба рӯйхати иншооти стратегии он кишвар шомил шудаанд ва бинобар ин, тибқи низоми махсуси андозбандӣ амал мекунанд.