Даъват аз Толибон: ҳуқуқи занон риоя ва ҳукумати фарогир таъсис шавад
Даъвати дигаре, ки ҳамсояву шарикони Афғонистон аз ҳукумати Толибон карданд, ин пешгирӣ аз табдил шудани ин кишвар ба пойгоҳи терроризму ифротгароӣ будааст.
Дар ҷаласае, ки бо ширкати дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд, Роза Отунбоева, раҳбари ҳайати СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон, Тери Ҳакала, намояндаи вижаи ИА барои ОМ ва Томас Никлассон, фиристодаи ИА дар Афғонистон иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин нишаст намояндаи ВКХ Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода муаррифӣ намуд.