Украина як зану ҳафт фарзандашро аз қароргоҳи Рож баргардонид
Мақомот гуфтанд, ки санадҳои Аминаву фарзандонашро барқарор мекунанд.
Вадим Скибитский, сухангӯи сарраёсати иттилооти Вазорати дифои Украина гуфт, “муҳим аст, ки ин зану кӯдаконаш ба ҳаёти маъмулӣ баргарданд”.
Аз моҳи декабри соли 2020 ба ин сӯ ин бори дуюм аст, ки ҳукумати Украина шаҳрвандонашро аз манотиқи собиқ зери назари гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” бармегардонад. Бори аввал ду зани украиниву ҳафт фарзандашон баъди он ки тафтиш даст надоштани онҳоро ба “фаъолитяҳои террористӣ” собит кард, ба Украина баргардонид.
Қаблан созмони Human Rights Watch аз ҳукумати Украина тақозо кард, ки дар бозгардони тахминан 40 зан ва кӯдаки украинӣ, ки ба навиштааш, дар Рож ва Ал-Ҳол дар шароити “даҳшатнок” ва “ғайриқонунӣ” нигоҳ дошта мешаванд, иқдом кунад. Хурдтарини кӯдакон дусола будааст.
Ин занон бахше аз 43 ҳазор хориҷиҳое мебошанд, ки бо иттиҳоми доштани иртибот бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ҷониби мақомоти минтақавӣ боздошт шудаанд.
Бисёр ҳукуматҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин қароргоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, мегӯянд, ки бозгардони онҳо ба ватан хатарҳои амниятӣ дорад.
Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз барои баргардонидани занону кӯдакон аз ин урудгоҳҳо шитоб намекунад.