Туркия: Сурия бояд амалҳои таҷовузкоронаро фавран қатъ кунад
"Ба вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтам, ки режими Сурия бояд фавран амалҳои таҷовузкоронаи худро қатъ кунад",-изҳор дошт Човушоғлу дар шарҳи суҳбатаи телефониаш бо Лавров.
Ба иттилои хабаргузории DPA, 3-юми феврал дар натиҷаи зарбаи нерӯҳои ҳукумати Сурия ба мавзеи мухолифон дар вилояти Идлиб ҳафт сарбози турк ва як сокини осоишта кушта шуданд. Ҳукумати Сурия талафоти ҷониро аз ҷониби худ тасдиқ накардааст.
Лавров 4-уми феврал гуфт, ҷониби Туркия то ҳол натавонистааст, уҳдадориҳои худро дар робита ба ҳалли низоъ дар Идлиб иҷро кунад. Ин нуктаро ӯ дар посух ба нашрияи "Российская газета" баён дошт.
Туркия ва Русия, ҳампаймони президенти Сурия Башор Асад соли 2017 роҷеъ ба ҳалли низоъ дар Идлиб ба созиш расиданд. Вале бино ба хабари Бӣ-Бӣ-Сӣ, шартҳои созиш борҳо нақз карда шудааст.