Полиси Покистон аз ҳамла ба консулгарии Чин ҷилавгирӣ кард
Дар ҳамлаи Карочӣ, ки масъулияти онро гурӯҳи шӯришии “Артиши озодихоҳи Балуҷистон” ба дӯш гирифт, ду афсари полис кушта шуд.
Амир Шайх, як раҳбари полиси маҳаллӣ гуфт, ки “вазъият таҳти назорат гирифта шудааст. Се ҳамлагар кушта шуд. Онҳо ҳатто натавонистанд вориди бино шаванд. Онҳо талош доштанд вориди бахши визадиҳӣ шаванд”.
Консулгарии Чин дар маҳаллаи Клифтони Карочӣ ҷойгир аст, ки таҳти назорати шадиди амниятӣ қарор дорад.
Нахуствазири Покистон Имрон Хон амр дод, ки ин ҳодиса таҳқиқ шавад ва гуфт, ки ин ҳодисаро “як тавтеа”-е номид, ки, ба гуфтааш, зидди ҳамкориҳои стратегии Чину Покистон равона шудааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Генг Шуанг дар нишасти матбуотие дар Пекин гуфт, ки ”Чин ҳама гуна ҳамлаи хушунатбори зидди сохторҳои дипломатиро маҳкум мекунад ва дархост кардааст, ки Покистон тадбирҳои амниятии заруриро барои таъмини амнияти шаҳрвандони Чин ва сохторҳои ин кишвар рӯи даст бигирад”.