Дар Керч маросими дафни қурбониҳои ҳамлаи мусаллаҳона баргузор мешавад
Раиси минтақаи Қрим Сергей Аксенов дар сари ҳар як қабр гул гузошт. Қарор шуд, ки аксари қурбониҳоро дар Қрим ва чаҳор нафарро дар вилояти Краснодар ба хок супоранд. Як донишҷӯ, ки аз Челябинск омада буд, дар ватанаш ба хок супурда мешавад.
Аксари қурбониҳо донишҷӯ ҳастанд, аз ҷумла шаш нафарашон ноболиғ мебошанд. Дар бемористонҳо дасти кам 40 нафар боқӣ мемонад. Нӯҳ нафарашонро барои табобат ва ҷарроҳӣ ба Маскав бурданд.
Тафтишот мегӯяд, ки ҳамлагар донишҷӯи 18-солаи ҳамин коллеҷ Владислав Росляков буд, ки баъди анҷоми тирандозӣ худкушӣ кард. Тафтишот хешовандони ӯро ҳам бозпурсӣ мекунанд.
Президент Владимир Путин ин ҳодисаро натиҷаи ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ номид ва онро бо ҳодисаҳои хушунат дар мактабҳои амрикоӣ шабоҳат дод.