Ба асари фурӯпошии як сарбанд садҳо нафар дар Лаос нопадид шуд
Садама дар нурӯгоҳи обии истеҳсоли барқ, якчанд деҳкадаро зери об гузошт. Баъзе бошандагон тавонистан ба болои бомҳо бароянд ва аз обхезӣ ҷон ба саломат бубаранд. Гурӯҳҳои наҷот онҳоро аз ин маконҳо берун мебаранд. Нахуствазири Лаос ба макони офат рафт.
Ҳомиёни муҳити зист солҳо боз аз хатари нерӯҳгоҳи обии барқии Лаос ҳушдор медоданд. Эгологҳо мегуфтанд, ки сарбандҳо дар ин кишвар собит нестанд ва ба ҷонварону гиёҳҳо таъсири бад мерасонанд.