Дар сӯхтори ҷангалҳои Юнон дастикам 50 нафар ҳалок шуд
Оташ гирифтани ҷангали наздик ба Афина, аз рӯи ҳудуд ва қурбониҳо дар даҳсолаи ахир бенамуна будааст. Сӯхтор дар пасманзари ҳарорати 40 дараҷаӣ ва шамоли сахт ҷараён гирифт.
Ба гуфтаи хадамоти оташнишонӣ, забонаҳои оташ беш аз 100 нафарро захмӣ кард. Баъзеи онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд ва мақомот мегӯянд, ки эҳтимол теъдоди қурбониҳо бештар шавад.
Нахуствазири Юнон Алексис Сипрас сафараш ба Босния ва Ҳерзеговинро қатъ карда ба Афина баргашт ва барои хомӯш кардани оташ аз Иттиҳоди Аврупо ва низомиён кӯмак хост.
Оташ дар шарқи пойтахт деҳкадаи Матиро нобуд кард ва шамол алангаҳоро аз канораҳои шаҳри бандарии Рафина ба марказ бурда, садҳо нафарро ба фирор маҷбур кард.