Одиназода: "Амонуллоҳ Ҳукумов наздик ба 7,5 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад"
Муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ афзуд, Наталя Назаршоева, собиқ роҳбари "Тоҷиксодиротбонк" бошад 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Назокат Одиназода афзуд, нафақаи ин афрод дақиқ ҳисоб шуда, шубҳаангез нест ва аз рӯи ҳаҷми маошашон тайин шудааст.
"Наталя Назаршоева дар бонк фаъолият кардааст ва фақат аз музди меҳнати ӯ вобастагии калон дорад. Ҳамаи мо медонем, ки соҳаи сохтмон, бонк, авиатсия музди меҳнати фарқкунанда доранд",-гуфт Назокат Одиназода.
Ҳаҷми нафақаҳои бузург дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Бархе суол мекарданд, ки чигуна як нафар 200 сомонӣ нафақа мегирад дар ҳоле, ки нафақаи як гурӯҳи дигар беш аз 10 ҳазор сомонӣ аст.