Бешбармоқи Бишкек ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд
Чорабинии бешбармоқпазӣ дар Бишкек, ки рӯзи 11 март доир шуд, аз сӯи чанд созмони иҷтимоӣ ташкил гардида буд. Созмондиҳандагон, гуфтанд, мехоҳанд рекорди ошпазҳои қазоқро бишкананд. Дар соли 2015 ошпазҳои Қазоқистон дар шаҳри Остона бо таҳия кардани 736,5 кило бешбармоқ рекорд гузошта буданд.
Ин навбат дар шаҳри Бишкек барои бешбармоқи рекордӣ 8 асп забҳ ва 12 деги бузург гузошта шуд.