Бӯрон фаъолияти фурудгоҳи Назарбоевро қатъ кард
Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон ба мусофирон тавсия додааст, ки барои гирифтани маълумот дар бораи парвозҳо ба телефонҳои боварии ширкатҳои ҳавопаймоӣ занг зананд.
Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои як қатор шаҳру навоҳии Қазоқистон манъ ва барои хонандагони басти аввали мактабҳои миёнаву донишҷӯёни соли 1-2-уми донишгоҳҳои Остона таътил эълон шуд.