Лаҳистон: ҳавопаймои президент Качинский аз таркиш суқут кард
Бар асоси гузориши коршиноси умури пажуҳиши суқути ҳавопаймоҳо Фрэнк Тейлор, комиссия ба чунин хулоса омадааст, ки қаноти чапи ҳавопаймо аз таркиши дохилӣ хароб шуд. Ӯ гуфтааст, дарахте, ки ҳавопаймо ҳангоми суқут ба он бархӯрд, сабаби аслии ҳодиса набуд.
Лаҳистон пештар ҳам сабаби суқути ҳавопаймои Ту-154М-ро таркиш гуфта буд. Аммо Кумитаи тафтишотии Русия ин натиҷагириро рад кард.
10-уми апрели соли 2010 дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар наздикии Смоленск 96 нафар ҷон бохт. Дар байни онҳо президенти вақти Лаҳистон Лех Качинский низ буд. Пажуҳиши ҳодиса то кунун идома дорад. Комиссияи пажуҳишии Лаҳистон мегӯяд, ҳавопаймо минкорӣ шуда буд.
Мақомоти Русия сабаби суқутро иштибоҳи халабон унвон карданд.