"Бинои нав куҷост?" Норозигии беш аз 20 сокини Хуҷанд
Беш аз бист сокини Хуҷанд рӯзи 13 апрел бо талаби бозпас гирифтани хонаҳояшон дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омаданд. Ширкати сохтмонии "Ҳусноро-1", ки моликонаш шаҳрвандони Чин ҳастанд, соли 2015 32 ҳавлиро вайрон кард, то силсилаи биноҳои бисёрошёна бисозад, аммо аз иҷрои тарҳ даст кашид.