"Дарсҳои фоҷиаи Қазоқистон" барои Тоҷикистон чист?

Саломиддин Мирзораҳматов, хабарнигор ва таҳлилгари муқими Қазоқистон, дар як шарҳе бо номи “Дарсҳои фоҷиаи Қазоқистон” барои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳам чунин таҳдидҳо ба амнияти миллӣ вуҷуд дорад ва сабабҳои он пеш аз ҳама аз дохил аст, на аз хориҷ.