Эҳтимоли бозгашти Аскар Оқоев ба Қирғизистон баъди 16 соли фирор ба Русия
Матбуоти маҳаллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти нахустини Қирғизистон Аскар Оқоев рӯзи 2 август ба Қирғизистон бармегардад. Ин маълумотро ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам манобеи дохилӣ тасдиқ карданд. Оқоев солҳои 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд ва баъди инқилоби моҳи март ӯву аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд. Чанде пеш раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки президентони собиқ Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” ва фасоди молии марбут ба ин қазия дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ки дар додгоҳи байналмилалӣ оид ба ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар пора додааст.
Сабабҳои ба кишвар баргаштани Оқоеви 76-сола, ки ба ӯ мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад, маълум нест, ҳамонгуна ки номаълум аст оё ӯ бо хоҳиши худ бармегардад ё на. Назари худи Оқоев ба ин хабар нашр намешавад. Соли 2019 додситони кулли Қирғизистон гуфта буд, ки дар сурати ба кишвар баргаштани Оқоев ӯ аз рӯи иттиҳомоти зидди ӯ пурсида хоҳад шуд.