Узбекистон соли 2020 ба Тоҷикистон 60% бештар газ додааст
Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти тоҷик соли 2020-ум аз Узбекистон бар ивази беш аз 28 миллион сомонӣ гази табиӣ харидааст, ки дар нисбати соли 2019 зиёда аз 60 фоиз бештар мебошад. Ҷониби Узбекистон зимни натиҷагирӣ аз 11 моҳи соли гузашта гуфта буд, ки ба Тоҷикистон 250 миллион метри мукааб газ содир шудааст. Интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон баъди 6 соли танаффус соли 2018 барқарор гардид. Истеъмолкунандаи асосии гази узбекӣ ширкати ТалКо мебошад. Инчунин баъзе корхонаҳои дигар, бахусус Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистон ин маводи сӯзишвориро истифода мекунанд. Узбакистон ҳар 1000 метри мукааб гази табииро ба Тоҷикистон бо нархи 120 доллар мефурӯшад, ки ин нисбат ба нархи он дар бозори ҷаҳонӣ тақрибан 30 доллар камтар аст.