Амрико гуфт, теъдоди сарбозонашро дар Афғонистон то 2500 нафар коҳиш дод

Вазорати мудофиаи Амрико рӯзи 15-уми январ эълом кард, ки теъдоди сарбозони худро дар Афғонистон ба 2500 нафар коҳиш додааст. Бар асоси эъломияи Пентагон, дар ду даҳаи гузашта ин теъдоди камтарини сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон мебошад.