Нигаронии FBI аз эҳтимоли хушунат дар остонаи савгандёдкунии Байден
Раҳбари Бюрои Федеролии тафтишот (FBI) аз эҳтимоли хушунат дар остонаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Ҷо Байден, ки 20-уми январ барпо мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Кристофер Рей, раҳбари FBI рӯзи 14-уми январ гуфт, мутахассисони ин созмон чандин муколамаи интернетиро ошкор кардаанд, ки дар онҳо аз даъват ба эътирозҳои мусаллаҳона сӯҳбат мешавад. Рей гуфт, ки ин ҳама муколамаҳо аз назари таҳдид ба амният мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, тахминан 200 нафар дар андешаи ташкили ҳамлаи монанд ба бинои Конресс мебошанд. Дар ҳодисаҳои 6-уми январ издиҳоми ҷонибдорони президент Доналд Трамп ба Капитол ҳамла ва талош намуданд, ки овоздиҳии тасдиқкунандаи пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи моҳи ноябрро баҳам зананд. Дар хушунатҳои рӯйдода панҷ нафар, аз ҷумла як ходими полис кушта шуд. Ин ҳодиса чанд лаҳза баъди он рух дод, ки Трамп дар наздикии Кохи Сафед ҷонибдорони худро барои муқовимат бо натиҷаҳои интихобот даъват кард. Рӯзи 13-уми январ Маҷлиси намояндагон гуфт, барои “таҳрики беназмиҳо” ба президент Доналд Трамп изҳори нобоварӣ ваё импичмент эълон мекунад. Интизор намеравад, ки Сенат – палатаи болоии маҷлиси Амрико пеш аз 19-уми январ барои импичменти Трамп овоз диҳанд. Ҷумҳурихоҳҳо суолгузорӣ карданад, ки то куҷо аз курсӣ барканор кардани шахсе, ки мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш ба итмом мерасад, дуруст мебошад.