Чаро музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон ба таъхир афтод?
Гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон, ки қарор буд дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст. Хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ҳарду тараф мунтазиранд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури нави Амрико дар робита ба Афғонистон чӣ сиёсатеро пеш мегирад.