Парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Узбекистон барқарор шудааст
Миёни Тоҷикистону Узбекистон парвозҳои доимӣ барқарор шуданд. Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ гуфтааст, ин парвозҳо ҳафтае якборӣ аз ҷониби ширкатҳои "Узбекистон ҳаво йуллари" ва "Сомон Эйр" анҷом мешаванд.