Зеленский хост, Додгоҳи конститутсионии Украина пароканда шавад
Президенти Украина Владимир Зеленский 30-юми октябр тарҳи қонунеро ба порлумон пешниҳод кард, ки қатъи ваколати Додгоҳи конститутсионии ин кишварро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин бекор шудани яке аз қарорҳои додгоҳ ва ваколати додрасҳое пешниҳод мешавад, ки онро содир кардаанд.