Парвин Ҷаҳонгирӣ, тарроҳи ҷавонро барои "шикоят" ҷарима бастаанд
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тарроҳи ҷавон Парвин Ҷаҳонгириро ба паст задани шаъну эътибори коршарикаш айбдор донист ва 2 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Қарори додгоҳ 27-уми октябр содир шуд.