AI гуфт, дар ошӯби коронавирус беш аз 30 зиндонии эронӣ кушта шуд
Созмони Афви байналмилалӣ ваё Amnesty International гуфт, ки беш аз 30 зиндонии ошӯбгар дар Эрон дар паи таҳлука аз олудашавӣ ба коронавирус аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Созмони мустақар дар Лондон рӯзи 9 апрел бо нашри изҳороте гуфт, ки дар чанд рӯзи гузашта дар дасти кам ҳашт зиндони Эрон ҳазорҳо маҳбусон аз тарси олудашавӣ ба коронавирус дар ҳолати маҳкам буданашон дар утоқҳои зиндон даст ба ошӯб заданд. Ин ҳолат “вокуниши маргбор”-и нирӯҳои амниятиро дар пай дошт, мегӯяд Афви байнулмилал.
Нигаронии ин созмон бар пояи иттилооти қобили эътимод, аз ҷумла бар асоси шаҳодати хешовандони зиндониҳо навишта шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки бар зидди зиндониҳои ошӯбгар дар чандин муассисаи ислоҳӣ тирҳои ҷангиву гази ашковар истифода шуд. Дар натиҷа, 35 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.
Диана Элтаҳавӣ, муовини раиси бахши минтақаи Ховари Миёна ва Африқои Шимолии созмони Афви Байнулмилал гуфт:
“Бисёр нафратангез аст, ки бар ивази вокуниш ба талаботи қонунии зиндониҳо дар заминаи ҳимоят шудан аз Ковид-19, мақомоти эронӣ бори дигар барои саркӯби нигарониҳо даст ба қатли инсонҳо заданд”.
Элтаҳавӣ афзуд, ки ходимони амниятии зиндонҳо бояд дар сурати аз ҷониби зиндониҳо тақозо шудани ҳуқуқашон бояд битавонанд аз роҳҳои бидуни зӯр кор гиранд ва даст ба муҷозоти зиндониҳо назананд”.
Ӯ инчунин ба таҳқиқи мустақилонаи ҳодисаҳои “шиканҷаву марг дар зиндонҳо”-и Эрон даъват кард.
Дар фазои бӯҳронии коронавирус мақомот ба 100 ҳазор зиндонӣ иҷоза доданд, ки ба таври муваққатӣ ба хонаҳояшон баргарданд. Шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар Эрон аз 66 ҳазор ва ҳодисаҳои марг бар асари Ковид-19 аз 4110 нафар гузаштааст.
Мақомоти эрониро барои вокуниши заъиф дар муқобили эпидемияи коронавирус интиқод карда гуфтанд, ки агар онҳо сареътар иқдом мекарданд, вазъро мешуд таҳти назорат қарор дод. Рӯзи 9 апрел раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ ишора кард, ки дар моҳи Рамазон маъракаҳои серҷамъияти мисли намозҳои ҷамъӣ манъ мешавад, то ки пеши роҳи паҳншавии вирус гирифта шавад. Моҳи Рамазон дар рӯзҳои охири моҳи апрел фаро расида як моҳ идома хоҳад кард.
Айни замон, дар изҳороти зиддунақизаш президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки кишвар шурӯъ аз рӯзҳои истироҳати оянда бояд тадриҷан ба ҳаёти маъмулӣ баргардад, вале ин изҳорот нигарониҳо аз бозгашти мавҷи дуюми эпидемияро ба бор овард. Иқтисоди Эрон аз таҳримҳои ҷорикардаи ИМА азият мешавад. Вашингтон соли 2018 Эронро дар тахрибкорӣ дар минтақа гунаҳгор карда, аз созиши ҳастаии соли 2015 хориҷ шуд.