Куштори бераҳмонаи муҳоҷири тоҷик дар Маскав. Кумита таҳқиқ мекунад
Мақомоти Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав дар робита ба куштори бераҳмонаи як шаҳрванди Тоҷикистон парванда кушода, тафтишро оғоз кардаанд. Ҷасади марди 31-сола аз Тоҷикистон шоми 26-уми ноябр дар ҷангали Любертсии вилояти Маскав ёфт шуд.
Наздиконаш, ки барои шиносоии ҷасад рафтаанд, тасдиқ карданд, ин ҷавон Руслан Бобошеров, сокини ноҳияи Леваканди вилояти Хатлон аст. Ба нақли наздикон, вай шоми 24-уми ноябр баъд аз адои кораш дар дӯкони мӯзадӯзии метрои Каховская дар Маскав нопадид шуд.
Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав бар асоси иттилои муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "бино ба арзёбиҳои ибтидоӣ, аввал мардро кушта, баъд ҷасадашро оташ задаанд".
Акбар Бобоназаров, тағои Руслан Бобошеров, рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Руслан санади ҳаққи иқомат дар Русияро дошт ва қонунӣ зиндагиву кор мекард. Ӯ афзуд, хоҳарзодааш шоми 24-уми ноябр баъди кор дар дӯкон якбора нопадид шуд ва давоми ду шабонарӯз дӯстону наздиконаш дараки ӯро пайдо карда натавонистанд.
"Баъди ду шаб полис телефони Руслан Бобошеровро фаъол карда, ба хешовандон хабар дод, ки ҷасад дар ҷангалзори вилояти Маскав пайдо шуд", -- афзуд ӯ.
Мақомоти Русия ба хешовандон иҷоза додаанд, ки ҷасади Руслан Бобошеровро барои дафн ба Тоҷикистон баранд.
Аз Бобошеров дар Тоҷикистон як фарзанд мондааст.
Русия макони асосии кору даромади беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст ва будубоши онҳо дар Русия на ҳамеша роҳату бехатар аст. Ба иттилои Ваколатдори ҳуқуқи инсон, соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст, ки 25 нафари онҳо кушта шудаанд.
Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.