Қазоқтаборон аз азият дар Чин ҳарф мезананд
Рӯзи чоршанбе қазоқтаборони Чин дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон конфронси матбуотӣ доир намуда, аз сарнавишти хешовандонашон дар Чин ибрози нигаронӣ карданд. Чанде аз иштирокчиёни нишаст дар бораи будубош ва азияташон дар урдугоҳҳои иҷборӣ қисса карданд.