Буҷаи соли 2020 қабул шуд. Баҳси андоз дар порлумони Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар иҷлосияи рӯзи 22-юми ноябр тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020-ро қабул карданд. Даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 2 миллиарду 600 миллион доллар) ва қисмати хароҷот 26,4 миллиард сомонӣ муайян шуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ки дар назди вакилон тарҳи буҷаи соли ояндаро муаррифӣ кард, гуфт, бахши даромади буҷаи кишвар дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 тақрибан даҳ дарсад бештар муайян шудааст.
Касри будҷа ва ё камомади маблағ ба 350 миллион доллар ва 0,4 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар аст.
Қаҳҳорзода гуфт, камомади даромади буҷаро аз ҳисоби “фурӯши амволи давлатӣ, қарз ва грантҳои созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ” рӯйпӯш мешавад. Мувофиқи қонуне, ки имрӯз вакилон тасвиб карданд, бахши аъзами даромади буҷа ва ё 17,9 миллиард сомонӣ аз ҳисоби андоз ба даст хоҳад омад.
Дар ин росто Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон аз масъулони Кумитаи андоз пурсид, ки даромади буҷа аз ҳисоби андоз бинобар натиҷаҳои 9 моҳи имсол иҷро нашудааст ва дар буҷаи соли оянда нақшаи даромад аз андоз боз ҳам бештар муайян шудааст, он чӣ гуна иҷро хоҳад шуд?
Дар ин иҷлосия раиси Кумитаи андоз ҳузур надошт ва муовини ӯ ба ин суол посухи рӯшане надод. Дар идома Зуҳуров аз вазъи ногувори соҳибкорон ва сарбории зиёди андоз болои онҳо ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, “соҳибкорон аз кишвар баромад рафта истодаанд. Муносибат ба онҳо хуб нест ва ин ҷойи ташвиш аст”.
Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, буҷаи кишвар дар соли оянда ҳам хислати иҷтимоӣ дорад ва бахши бузурги хароҷоти буҷа ба соҳаи иҷтимоӣ равона мешавад. Ба таъкиди ӯ, хароҷоти ҳама соҳаҳои кишвар нисбат ба соли ҷорӣ бештар таъйин шудааст, аммо беш аз ҳама соҳаи маориф маблағгузорӣ мешавад.
19 дарсади хароҷоти буҷаи соли 2020 ба соҳаи маориф равона карда мешавад.
Тарҳи буҷаи соли 2020 бо назардошти қурби 1 доллар баробари 10 сомониву 20 дирам тарҳрезӣ шудааст.
Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ба гуфтаи вазири молия, соли оянда аз буҷа 2,1 миллиард сомонӣ, муодили 210 миллион доллар ҷудо мешавад. Буҷаи соли 2020 ба фарқ аз соли гузашта бинобар баргузории ду маъракаи сиёсӣ – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ банди хароҷоти иловагӣ дорад.
Ба гуфтаи вазири молия, аз буҷаи соли 2019 низ барои омодагӣ ба интихобот каме маблағ пешбинӣ шуда буд ва дар буҷаи соли 2020 барои гузарондани ду интихобот беш аз 30 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон тарҳи буҷаи соли 2020-ро, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ кардааст, бе кадом тағйироте ҷонибдорӣ ва тасвиб намуданд.