Ташкили комиссияи давлатӣ барои таҳқиқи марги ангишткани қазоқ
Дар кони "Қазоқистонӣ"-и вилояти Қарағанда, ки бо коркарди он ширкати "АрселорМиттал Темиртау" машғул аст, як ангишткан ба ҳалокат расидааст.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии ширкат, ангишткан 15 ноябр ҷон додааст. Сабабҳои марги ӯ гуфта намешавад. Масъулони ширкат мегӯянд, барои таҳқиқи сабабҳои марги кормандашон комиссияи давлатӣ ташкил шудааст.
6 ноябри соли равон дар кони ангишти "Саранскӣ"-и "АрселорМиттал Темиртау" як корманд ҷон бохта буд. Ширкат марги ангиштканро ҳодисаи нохуш номид. Он замон низ дар бораи ташкили комиссияи давлатӣ барои таҳқиқи марги ангишткан хабар дода буданд.