Навбатпоии туркманистониҳо барои дарёфти визаи Ӯзбекистон
Дар назди сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Ишқобод имрӯзҳо навбатпоии тӯлонии сокинон барои дарёфти раводид (виза) мушоҳида мешавад.
Расонаи "Türkmen.news" 13 ноябр иттилоъ додааст, ки соати 7 субҳ шумори навбатпоён барои раводид аллакай ба 250 нафар расида, давоми рӯз ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.
Бештари навбатпоён сокинони вилоятҳои Лебап ва Дашоғузи Туркманистон буда, дар миёни онҳо калонсолон ва кӯдакон низ ҳастанд.
Манбаъ афзудааст, ки қисми зиёди шаҳрвандони Туркманистон барои фурӯши маҳсулот ва нақдина кардани пули кортҳои бонкиашон дар бонкҳои Ӯзбекистон ба ин кишвар мераванд.
Шаҳрванде, ки раводиди 20-рӯзаи Ӯзбекистонро дарёфт мекунад, метавонад чандин бор ба он кишвар биравад. Бархе аз сокинони Туркманистон кортҳои бонкии хешу шиносҳояшонро ба Ӯзбекистон бурда, пулҳои онҳоро нақдина мекунанд ва аз ҳар корт 100-150 манат "ҳақ" мегиранд. Соҳибони корт 1 долларро, ки қурби расмияш 3,5 манат аст, дар бозори сиёҳ 19 манат мефурӯшанд.