World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


<
>

"Туҳмати беасос буд" - гуфтӯгу бо Фарҳод Одинаев баъди раҳоӣ аз Беларус

Фарҳод Одинаев, як фаъоли сиёсии тоҷик пас озод шудан аз боздоштгоҳе дар Беларус барои зиндагӣ ба Олмон сафар кардааст. Ӯ 43 рӯз дар боздошт қарор дошт.  

Фарҳод Одинаев рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то лаҳзаи боздошт бовар надошт, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, аз ин рӯ, дигар кишварҳои пасошӯравиро барои худ макони амн намедонад. Фарҳод Одинаевро мақомоти Беларус бо дархости расмии Тоҷикистон дастгир карданд. Ӯ дар кишвар ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, иттиҳоме, ки худаш рад кардааст.  

Фарҳод Одинаев, ки рӯзи 25-уми сентябри имсол ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшава мерафт, дар гузаргоҳи марзии "Каменний Лог" дар сарҳади Литва ва Беларус дастгир шуд. Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони телевизиони "Сафо" дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он сол тавонист барномаҳо таҳия кунад. Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд.

Радиои Озодӣ: «Шуморо мақомоти тоҷик бо панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҷалби аъзо ба гурӯҳҳои тундрав аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, кӯмаки молӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва терроризм  айбдор медонанд. Бо кадом далел нисбати шумо парванда боз шуда буд?

Фарҳод Одинаев: «Бале, маро барои узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24» айбдор мекарданд. То соле пеш ман аз боз шудани парванда хабар надоштам. Бовар надоштам, ки таҳти пайгард қарор дорам. Пас аз боздошт вақте аз Додситонии кули Тоҷикистон ба додситонии Беларус санад равон карданд, огоҳ шудам, ки бо чӣ айбдор мешавам. Аз он айбҳо ҳайрон шудам, чунки ҳеч гоҳ ман узви «Гурӯҳи 24» набудам. Далелҳо равшан набуд. Танҳо далел ин буд, ки гуё касе аз «Гурӯҳи 24» ба Тоҷикистон баргаштааст ва онҳо шоҳидӣ додаанд. Ин тӯҳмати беасос буд. Дуруст аст, ки то сентябри соли 2015 аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон) будам.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди мамнӯъ шудани ҳизб мо дар Русия зиндагӣ мекардем ва шаҳрвандии ин кишварро доштем, фаъолияти худро манъ кардем ва эълон кардем. Моро касе маҷбур накарда буд, мо худамон омада дар сафорат аризаҳои даст кашидан аз ҳаракатҳои сиёсиро супурдем. Метавонистем хомӯш бошем, вале вақте, ки наҳзат ҳаққи фаъолияти ҳуқуқӣ надошт, мо бо ихтиёри худамон даст кашидем. Гуфтем, ҳар вақте вазъ дигар шуд, баъд фикр мекунем. Кормандони сафорат огоҳ буданд. Аз 2015 то 2018 чизе набуд. Ҳатто моҳи марти 2019 дар ҷашни наврӯзии ташкилкардаи сафорат иштирок карда будем. Он ҷо ҳеҷ гапе набуд. Ин айбнома аз куҷо пайдо шуд, барои ман муаммо аст.»

Радиои Озодӣ: Агар шумо ҳеҷ фаъолият надоштед, пас иттиҳоми «даъват барои шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрав дар шабакаҳои иҷтимоӣ» аз куҷо пайдо шуд?  Маъмулан, мақомот далеле пешниҳод мекунанд, хоҳ шумо онро эътироф кунед, хоҳ не.

Фарҳод Одинаев: «Фикр мекунам, ки далеле вуҷуд надошт ва фақат ин бандро рӯбардор карда буданд. Кай дар куҷо ман касеро даъват карда бошам, далел вуҷуд надошт. Агар нафаре шоҳидӣ дода бошад, пас он ҳам бояд далел дошта бошад. Агар аъзои «Гурӯҳи 24» мешудам, ҳатман ҷое аз онҳо пуштибонӣ мекунам. Баръакс, бисёриҳо медонанд, ки аз нигоҳи идеологӣ мо бо ин гурӯҳ мухолиф ҳастем. Ягон вақт ман тарафдори табаддулот набудам. Ҳатто вақте фаъолиятҳои сиёсӣ мекардем, дӯстонро даъват мекардем, ки дар зиндагии сиёсӣ фаъол бошед.

Дар интихоботҳо иштирок кунед, бо ин роҳ мехостем, ҷомеаи шаҳрвандиро ободу озод кунем. Соли 2013 вақте бо гурӯҳе аз муҳоҷирон дар Русия телевизиони «Сафо»-ро боз кардем, он ҳам ба хотири рушди демократия дар Тоҷикистон буд. Соли 2013 мо ҳис кардем, ки дар фазои маҳвораӣ ягон телевизион надорем ва ин сабаб шуд,  ки тасмим гирифтем, телевизион таъсис диҳем. Агар фаъолиятҳои мо дар ин телевизионро дар назар дошта бошанд, пас чаро то соли 2018 иттиҳоме набуд ва соли 2019 пайдо шуданд.»

Радиои Озодӣ: Бори охир кай ба Тоҷикистон сафар доштед?

Фарҳод Одинаев: «Аз соли 2014 то ҳол ба Тоҷикистон нарафтаам.»

Радиои Озодӣ: Агар шумо худро гунаҳкор намедонистед ва то соли 2018 ба зидди шумо парванда вуҷуд надошт, чаро аз сафар ба Тоҷикистон ҳарос доштед?

Фарҳод Одинаев: «Аз рӯйи санадҳое, ки ба Беларус фиристоданд, моҳи декабри соли 2018 ба зидди ман парванда боз шудааст ва дар ҷустуҷӯ қарор гирифтам. Ман аз рафтан ба Тоҷикистон ҳарос надоштам, вале аз соли 1999 дар Русия зиндагӣ мекунам ва аз соли 2013 хонаводаам низ ба Русия омада буд. Рости вазъияти оилавӣ чунин буд, ки ҳамсарам дуюним сол дар шифохона буд. Дигар аз қафои зиндагӣ будем ва фарзандонро гузошта рафтан имкон надошт. Баъди соли 2015, ки ҳизби наҳзат ғайриқонунӣ шуд, ростӣ, як эҳтиёткорӣ ҳам пайдо шуд.»

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори шумо дар телевизиони «Сафо» интиқод мешуд. Мунтақидон мегуфтанд, ки он бо пули Эрон сохта шудааст.

Фарҳод Одинаев: «Борҳо гуфтам, ки агар Эрон ва ё шахсияти пулдоре телевизиони моро маблағгузорӣ мекард, телевизиони мо ҳамагӣ чор моҳ кор намекард. Сабаби кам будани маблағ буд, ки мо натавонистем, ки кор кунем. Танҳо мо як гурӯҳ муҳоҷирон хостем, ки телевизион таъсис диҳем ва пушти он касе ё гуруҳе набуд. «

Радиои Озодӣ: Албатта, барои таъсиси телевизион маблағе лозим аст, ки муҳоҷири оддӣ дар Русия надорад. Шумо чӣ қадар маблағ барои таъсис он сафар кардед?

Фарҳод Одинаев: «Мо телевизионро яку якбора таъсис надодем. Таъсиси он тақрибан як сол давом кард. Қисм-қисм мо пул сарф кардем ва барои ҳамин дар хотирам нест, ки дар умум чӣ қадар маблағ сарф шудааст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки мо пули калоне сарф кардаем, аммо ин тавр нест. Агар аҳамият дода бошед, телевизиони мо аз нигоҳи техникӣ ва барномаҳо бой набуд, яъне маълум буд, ки маблағи зиёд сарф нашудааст. Телевизиони оддии як гурӯҳ муҳоҷирон буд. Моро на ягон кишвар ва касе маблағгузорӣ накардааст.»

Радиои Озодӣ: Феълан, дар куҷо ҳастед?

Фарҳод Одинаев: «Ҳоло дар Олмон ҳастам ва ба хабаргирии хоҳарбузургам омадам. Фақат пас аз озод шудан фаҳмидам, ки барои озод шудани ман ситод таъсис додаанд. Тасмим дорам, барои ҳамаи онҳо ва заҳматҳояшон ташаккур гӯям. Дар 42 рӯзе, ки дар боздошт будам, он қадар мактубе ба ман омад, ки дар 40 сол нагирифта будам. Фақат ҳамаи он мактубҳоро ба ман намедоданд ва танҳо онҳоеро дастрасам мекарданд, ки дар бораи вазъи сиҳатиам мепурсиданд. Баъди озод шудан он мактубҳоро ба ман нишон доданд. Беларусро ман кишвари ҳуқуқӣ донистам, ки маро истирдод накард. Ман ҳоло дар Олмон раводиди яксола дорам. Ҳанӯз ба як қарор наомадам, ки чӣ кор бояд кунам. Каме ба худ биоям, баъдан тасмим мегирам. «

Радиои Озодӣ: Маъмулан, мақомоти Тоҷикистон афродеро, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам ҳастанд, ба кишвар даъват мекунанд ва ваъдаи афв медиҳанд. Шумо чунин даъвате гирифтед?

Фарҳод Одинаев: «Ҳамеша ман бо мақомот дар тамос будам. Модарам занг мезад ва мегуфт, ки аз вазорати умури дохилӣ ва ё Кумитаи амнияти миллӣ нафаре омадааст ва шуморо мепурсад. Лекин намегуфтанд, ки ту ҷинояткори бузург ҳастӣ ва бовар ҳам надоштам, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳастам. Чун ҳамеша барои онҳо дастрас будам ва ҳар вақте лозим буд, сӯҳбат мекардам. Фақат як бор ба додарам гуфта буданд, ки бо моддаи 307 парванда дорад ва агар баргардад, афв мешавад. Лекин ман ба ин бовар надоштам. Даъватҳояшон мутақоидкунанда набуд.

Мақомоти Ҷумҳурии Беларус рӯзи 6-уми ноябр ба хешовандони Фарҳод Одинаев гуфтаанд, ки дархости Тоҷикистон барои истирдоди ӯро рад карданд. Ӯро рӯзе баъд аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Давлати Тоҷикистон солҳои ахир барои таъқиби мухолифони давлат дар хориҷ ва истифодаи Интерпол барои боздошти онҳо аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқ бисёр танқид мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳадаф аз ин кори ҳукумат саркӯб кардани мухолифон ва «мӯҳр задан ба даҳони дигарандешону мунтақидони давлат аст».

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

В Архангельске прошел Всероссийский турнир по теннису



Жизнь

Топливному компромиссу между Украиной и Азербайджаном пришел конец?






Новости 24 часа

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)



Game News

Пробный запуск вампирского градостроя Vampire Legacy: City Builder



Москва

ТАСС: Криминальный авторитет Шакро Молодой освободился по УДО



News Every Day

Top 10 Emmanuelle Seigner Movies



Блоги

Проект развития малой авиации в Сибири оценили в 8 млрд рублей



Москва

Conrad и PGN готовятся подписать соглашение о продаже газа с шельфового месторождения Mako в Индонезии



Певица

Певица Любовь Успенская назвала россиян своей семьей



Москва

Новый игрок на рынке премиального жилья. Девелопер рассказал, как застройщику заявить о себе в условиях высокой конкуренции



Елена Рыбакина

Рыбакина о том, что не играла в Индиан-Уэллс из-за болезни: «К сожалению, восстановление заняло много времени»



Москва

Пассажир рейса Москва — Пермь попал в реанимацию



Спорт

Блиц-матч по шахматам между двумя командами провели в павильоне «Спорт для каждого»



Симферополь

Археологи рассказали о первых доказательствах существования крымской Хазарии



Москва

Архитектурные доминанты округов Москвы



Москва

Сергей Собянин: Новый путепровод улучшит пропускную способность других трасс



Москва

Архитектурные доминанты округов Москвы



Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Хамовники побили пятилетний рекорд по количеству сделок с недвижимостью





Путин в России и мире
Москва

Путин удивился третьему месту Санкт-Петербурга в туристическом рейтинге


Лукашенко в Беларуси и мире



123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Киев признал стагнацию ВСУ по всей линии фронта


Навальный в России и мире


Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Елена Волкова

Перенос дат II этапа культурного проекта «Классика: история и современность» в Дмитрове



Москва

Starhit: Степаненко будет судиться с родней подруги из-за унаследованных квартир

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net