World News in Tajik





160*600

Новости сегодня на DirectAdvert

Новости сегодня от Adwile

Актуальные новости сегодня от ValueImpression.com


Опубликовать свою новость бесплатно - сейчас


<
>

Аз "Хоби маймун" то "Хаёлпараст". Паёми офаридаҳои Румӣ чист? ВИДЕО

Аз

Румӣ Шоазимов, коргардони 26-солаи тоҷик, мегӯяд, бар хилофи ақидаи роиҷ, ки филмҳои муосир бе саҳнаи бӯсу канор тамошобин намеёбанд, дар офаридаҳояш чунин лаҳзаҳоро ҷой намедиҳад. Интихоби ӯ жанри афсона аст, то дасти дарози сензура сенарияи филмҳояшро қайчӣ накунад. Филми офаридаи ӯ -- "Хоби маймун" -- то кунун дар хориҷ панҷ ҷоиза гирифтааст ва филми дувумаш аз рӯи навиштаҳои адиби русзабони Тоҷикистон Темур Зулфиқоров дар оғози соли оянда ба дасти тамошобин мерасад. Ҳамкорони мо дар суҳбат бо Румӣ Шоазимов аввал дар бораи филми "Хоби маймун" пурсиданд.

Румӣ Шоазимов: Ин филм дар бораи он баҳс мекунад, ки одамон дар ниҳоят ҷавоби ҳар амали худро хоҳанд дод. Ҳар як интихоб ва рафтор пайомад дорад. Филм дар бораи шахсе ҳикоят мекунад, ки дасти муъҷизавиеро соҳиб шудааст ва он хостаҳои ӯро амалӣ мекунад, вале ҳар дафъа ба ивази як қурбонӣ. Қаҳрамони филм мехоҳад, соҳиби 50 ҳазор доллар шавад, зеро ба ҳамсояи худ, ки дар лоторея ин маблағро буридааст, ҳасад мебарад. Қаҳрамони филм низ зимни интизориаш ба бозии лоторея шавқ пайдо мекунад, аммо пайваста бахташ намехандад. Як шаб ба наздаш маъмурони милиса омада, хабардор мекунанд, ки писараш фавтидааст. Аввал ба сардхона меравад ва сипас ба хона бармегардад. Дар хона вакили дифоъро мебинад. Вакил мегӯяд, "духтари нафаре, ки маро киро кардааст, дар марги писари шумо гунаҳкор нест. Бо ин вуҷуд, падари духтар омодааст, ба шумо 50 ҳазор доллар бидиҳад."

Радиои Озодӣ: Дар ин филм қаҳрамони Шумо дар куҷост? Дар Тоҷикистон ё ҷойи дигар? ​

Румӣ Шоазимов: Ин ҳолат метавонад дар ҳар гӯшаи дунё рух диҳад, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Амриков ва ё Аврупо. Инсон ин қиссаро дар шакли афсона тамошо мекунад. Бароям муҳим нест, ки қаҳрамон дар кадом кишвар зиндагӣ дорад. Ин филмро метавон дар Афғонистон ва Узбекистон ҳам тамошо кард ва ин мавзӯъ барои ҳамаи мардуми ҷаҳон доғ аст. Барои ҳамин, жанри афсонаро интихоб мекунам, то қиссаеро ҳикоят кунам, ки Шӯрои бадеӣ тағйир дода натавонад. Дар баъзе аз кишварҳои минтақа, ҳам Тоҷикистон ва ҳатто Қазоқистон мавзӯъҳое ҳастанд, ки офаридани филм дар бораи онҳо манъ аст. Ба ин далел, барои худ меъёр гузоштаам, ки филми маро битавонанд наврасон ҳам тамошо кунанд. Ман дар филмҳои худ ҳаргиз синаи урёни зан ва фаҳшро намоиш намедиҳам. Ба ин хотир, бароям муҳим нест, ки Шӯрои бадеӣ чӣ мегӯяд, бароям муҳим аст, ки оё фарзанди ман метавонад ин филмро тамошо кунад ё не?

Радиои Озодӣ: Филми дувуми Шумо аз рӯйи навиштаҳои Темур Зулфиқоров аст. Ин филм дар бораи чӣ масоиле баҳс мекунад?  

Румӣ Шоазимов: Номи филм "Хаёлпарасти музофотӣ" ва фоҷиавиву мазҳакавӣ аст. Дар бораи он қисса мешавад, ки падар мехоҳад духтарашро ба шавҳар бидиҳад ва хостгорон ба хонаи онҳо меоянд. Дар миёни хостгорон тоҷирону бонкдорҳо ва овозхонҳо ҳастанд. Тамошобин ҳар яке аз онҳоро мешиносад. Аз он иттилое, ки тамошобин дар даст дорад, ҳамаи онҳо хаёлпарастанд. Масалан, бонкдор, дар асл фақир аст. Вай мехоҳад, худро сарватманд нишон диҳад, аммо телефони мобилаш барои напардохтани ҳаққи хидмат хомӯш карда шудааст.

Радиои Озодӣ: Зоҳиран, ин филм дар бораи воқеиятҳои Тоҷикистон аст...

Румӣ Шоазимов: На танҳо воқеиятҳои Тоҷикистон, балки воқеиятҳои ҷаҳони имрӯза. Ҳамон тавр ки дар аввал гуфтам, кӯшиш мекунам, қаҳрамонҳои маро дар ҳар кишвар бишиносанд. Масалан, агар асарҳои Чеховро бигирем, қаҳрамонҳои вай метавонанд дар Тоҷикистон бошанд? Метавонанд. Сужаи филми дувуми ман дар шаҳри Пиробод сурат мегирад. Бонкдор ба хостгорӣ омада, ба ҳама соатҳои тилло ҳадя медиҳад, аммо дар ниҳоят маълум мешавад, ки вай варшикаста будааст.

Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Шумо дар соҳаи синамо аз кадом равия пайравӣ мекунед ва кадоме аз коргардонҳои сатҳи ҷаҳониро эътироф мекунед?

Румӣ Шоазимов: Ман Тим Бёртонро хеле мепазирам. Вай қиссаҳои хеле хуби афсонавиро ба навор мегирад. Иёриттаи мустанадсозро ҳам дӯст дорам. Коргардон Скорсезеро, ки филмҳои хушунатомез меофарад, низ дӯст медорам. Тарантино низ коргардони беҳамтост. Ин коргардонҳо мухталифанд, вале онҳо сабки худро доранд, ки бароям хушоянд аст. Барои коргардони хуб будан шарти асосӣ доштани сабк аст.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, синамои тоҷик ба кадом самт ҳаракат дорад?

Румӣ Шоазимов: Ҳоло "Тоҷикфилм" тасмим гирифтааст, ҳамасола шаш филм офарад. Имсол аллакай панҷ филм ба навор гирифта шуд. "Тоҷикфилм" таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дурбинҳои "Алекс" дорад. Барои ҳамаи коргардонҳо шароити якхела фароҳам шудааст. Агар филме дар ҷашнворае соҳиби ҷоиза нашуд, ин камбуди худи коргардон аст.

Радиои Озодӣ: Аммо камбуди намоишноманавис чӣ гуна ҳал мешавад?

Румӣ Шоазимов: Дар масъалаи намоишноманавис воқеан мо бо мушкили сангине рӯ ба рӯ ҳастем. Як намоишноманависи ҳирфаӣ Мариан Орифова, духтари Марат Орифовро дорем. Ҳам намоишноманавис ва ҳам коргардони синамо бояд махсус таҳсилкарда бошанд. Аммо, ҳоло замоне фаро расидааст, ки афроди аслан таҳсилнокарда давраҳои бозомӯзӣ таъсис дода, ба ҷавонон коргардонӣ ва намоишноманависӣ меомӯзонанд. Ин нафар аслан таҳсилнокарда аст ва дар бораи синамо тасаввур надорад, аммо ба ҷавонон дар ин бора дарс мегӯяд. Дар Тоҷикистон ҳатто як мутахассиси киношинос вуҷуд надорад ва ба ин далел филмҳои офаридаи коргардонҳои тоҷик ба таври зарурӣ таблиғ намешаванд. Ҷавононро барои таҳсил дар бахши киношиносӣ бояд ба кишварҳои хориҷӣ фиристод.

Радиои Озодӣ: Чаро филми нахустини шумо дар ҷашнвораи синамо дар Тоҷикистон намоиш дода нашуд?

Румӣ Шоазимов: Ин филм дар Тоҷикистон намоиш дода шуд, аммо масъулини ҷашнвораҳо онро нодида гирифтанд. Ман дарк мекунам, ки ҳоло мардум ба толори синамо кам мераванд ва хеле мехоҳам, ки ин филмро тавассути шабакаҳои телевизионӣ нишон диҳанд. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон одат кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ филмҳоро аз Ютуб гирифта пахш кунанд. Мутаассифона, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон имкони хариди ин филмро аз "Тоҷикфилм" надоранд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар ҳастанд ва ҳар рӯз аз мушкили онҳо гузориш пахш мешаванд. Намехоҳед дар бораи муҳоҷирон филм офаред?

Румӣ Шоазимов: Мехоҳам, вале барои ин кор бояд намоишномаи хуберо бар пояи фоҷиаи бузурги муҳоҷире дар даст дошт. Ҳарчанд ба офаридани чунин филм шавқ дорам, шароит надорам.

Радиои Озодӣ: Ва дар охир. Мегӯянд, нақши зиёиёни тоҷик дар ҳаёти сиёсии кишвар камранг шудааст. Дар ин бора чӣ мегӯед?

Румӣ Шоазимов: Ҳоло бисёриҳо худро зиёӣ мепиндоранд. Зиёӣ нафаре нест, ки дорои сарват аст. Фикр мекунам, зиёиёни тоҷик талош мекунанд вориди саҳнаи сиёсат нашаванд. Рассом наққошӣ мекунад, ҳунарманд дар саҳна -- бозӣ. Онҳо талош мекунанд, манофеи миллати худро тавассути ҳунару тавоноии худ баён кунанд. Фикр мекунам, ҳоло Тоҷикистон бояд таваҷҷӯҳи бештарро ба маориф бидиҳад ва таҳсилро бепул кунад, то ҳар нафар дар мактаби олӣ хонда тавонад. Соҳаи тандурустӣ низ бояд пурра бепул бошад. Магар мо бояд таҳаммул бикунем, ки ҷавоне дар як деҳаи дурдаст пули харидани доруи 500 сомониро надорад ва мефавтад?

Читайте на 123ru.net

Другие проекты от 123ru.net



Архангельск

Рассказ русского вологодского писателя Андрея Малышева Баба Дуся спасает мир !



Здоровье

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24




Українські новини

Магазин дверей і підлогового покриття Albero: якісна продукція для кожного клієнта



Новости 24 часа

В России назвали топ-35 экономически сильных регионов по итогам 2023 года



Game News

Для мобильного шутера Nebula Rangers проходит бета-тест на Android



Москва

Худрук Московского академического театра возглавил судей балетного конкурса



News Every Day

India unveils Gukesh as its youngest challenger in chess history



Интернет

«Эдит Про»: рынок ERP в 2024 году вырастет на 10-12%



Москва

GTC Logistics запустил экспресс-доставку в более чем 200 стран



Булат Окуджава

В МХТ имени Чехова 8 и 9 мая пройдет концерт с песнями Булата Окуджавы



Москва

В Санкт-Петербурге появился уникальный бассейн с минерализованной водой



WTA

Хромачёва и Бабош выиграли турнир WTA в Руане в парном разряде



Москва

Компания ICDMC стала победителем престижной премии в сфере ЗОЖ – Green Awards 2023/24



Express

Хеликс запускает лайт-формат сервиса Helix Express для сдачи анализов в Тамбове



Симферополь

Барнаульцы смогут оформить в ВТБ ипотеку на жилье в Крыму



Москва

Токсиколог Кутушов рассказал почему возникает похмелье



Москва

Собянин: парковка в Москве на майских праздниках будет бесплатной



Москва

Подключение системы отопления в Московской области



Другие популярные новости дня сегодня


123ru.net — быстрее, чем Я..., самые свежие и актуальные новости Вашего города — каждый день, каждый час с ежеминутным обновлением! Мгновенная публикация на языке оригинала, без модерации и без купюр в разделе Пользователи сайта 123ru.net.

Как добавить свои новости в наши трансляции? Очень просто. Достаточно отправить заявку на наш электронный адрес mail@29ru.net с указанием адреса Вашей ленты новостей в формате RSS или подать заявку на включение Вашего сайта в наш каталог через форму. После модерации заявки в течении 24 часов Ваша лента новостей начнёт транслироваться в разделе Вашего города. Все новости в нашей ленте новостей отсортированы поминутно по времени публикации, которое указано напротив каждой новости справа также как и прямая ссылка на источник информации. Если у Вас есть интересные фото Вашего города или других населённых пунктов Вашего региона мы также готовы опубликовать их в разделе Вашего города в нашем каталоге региональных сайтов, который на сегодняшний день является самым большим региональным ресурсом, охватывающим все города не только России и Украины, но ещё и Белоруссии и Абхазии. Прислать фото можно здесь. Оперативно разместить свою новость в Вашем городе можно самостоятельно через форму.



Новости 24/7 Все города России




Загрузка...


Топ 10 новостей последнего часа






Персональные новости

123ru.net — ежедневник главных новостей Вашего города и Вашего региона. 123ru.net - новости в деталях, свежий, незамыленный образ событий дня, аналитика минувших событий, прогнозы на будущее и непредвзятый взгляд на настоящее, как всегда, оперативно, честно, без купюр и цензуры каждый час, семь дней в неделю, 24 часа в сутки. Ещё больше местных городских новостей Вашего города — на порталах News-Life.pro и News24.pro. Полная лента региональных новостей на этот час — здесь. Самые свежие и популярные публикации событий в России и в мире сегодня - в ТОП-100 и на сайте Russia24.pro. С 2017 года проект 123ru.net стал мультиязычным и расширил свою аудиторию в мировом пространстве. Теперь нас читает не только русскоязычная аудитория и жители бывшего СССР, но и весь современный мир. 123ru.net - мир новостей без границ и цензуры в режиме реального времени. Каждую минуту - 123 самые горячие новости из городов и регионов. С нами Вы никогда не пропустите главное. А самым главным во все века остаётся "время" - наше и Ваше (у каждого - оно своё). Время - бесценно! Берегите и цените время. Здесь и сейчас — знакомства на 123ru.net. . Разместить свою новость локально в любом городе (и даже, на любом языке мира) можно ежесекундно (совершенно бесплатно) с мгновенной публикацией (без цензуры и модерации) самостоятельно - здесь.



Загрузка...

Загрузка...

Экология в России и мире
Москва

Мокрый фасад: как сделать отделку по технологии СФТК





Путин в России и мире
Москва

Тема дня: Путин назвал сохранение духовных ценностей условием укрепления суверенитета


Лукашенко в Беларуси и мире
Минск

Лукашенко убежден, что белорусы «никогда еще так хорошо не жили»




123ru.netмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Ru24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

123ru.net — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.





Зеленский в Украине и мире
Киев

Во Франции назвали бредом слова Зеленского про угрозу Путина Европе


Навальный в России и мире
Москва

Священнику, отпевавшего Навального, запретили носить рясу и крест



Здоровье в России и мире


Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России






Загрузка...

Загрузка...



Концерт

Концерт «Юрий Башмет, Константин Хабенский, ансамбль «Солисты Москвы». К. Сен-Санс «Карнавал животных»



Москва

Ювелир Бакатов оценил обручальное кольцо Баскова в стоимость однушки в Москве

Друзья 123ru.net


Информационные партнёры 123ru.net



Спонсоры 123ru.net