Сӯхтор дар бинои нотамоми меҳмонхонаи "Сомониён"
Субҳи 4-уми ноябр дар бинои ниматамоми меҳмонхонаи "Сомониён", воқеъ дар хиёбони маркази Душанбе, сӯхтор ба амал омад. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, оташ ба зудӣ хомуш карда шудааст. То ба ҳол сабаби сӯхтор маълум нест.
Ин бино аз даҳ сол бештар сохтмонаш идома дорад ва порлумони Тоҷикистон чанд дафъа онро аз пардохтҳои гумрукӣ ва дигар молиёт озод карда буд. То ба ҳол маълум нест, ки молики ин бино кист, вале расонаҳо дар гузашта ишора карда буданд, ки он ба наздикони яке аз мақомоти баландпояи кишвар тааллуқ дорад.
Ба навиштаи "Азия Плюс", фармоишгари ин сохтмон Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буда, иҷрогари он ширкати "Исмоили Сомонӣ-Асри 21" мебошад. Ба навиштаи ин расона, буҷаи ин сохтмон 30 миллион доллар аст.