Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои изофиро аз марз пас кашиданд. ВИДЕО
Мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти ҳайатҳои ду ҷониб неруҳои худро аз марз пас кашиданд. Шоми 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунин сар зад, ки чаҳор қурбонӣ дошт.
Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати "Овчӣ-Қалъача"-и Бобоҷон Ғафуров рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, музокироти ҳайатҳои ду кишвар соати 8-и бегоҳи 18-уми сентябр ба анҷом расид ва баъди он неруҳои изофӣ аз марз рафтанд. Одинаев мегӯяд, вазъ дар минтақаи низоъ муътадил аст ва сокиноне, ки дар рӯзи ҳодиса рафта буданд, дубора ба хонаҳояшон баргаштанд.
Масъулини дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам ба телевизиони "Настояшее время" гуфтаанд, неруҳои изофӣ аз марз пас кашида шуданд.
Берун кашидани неруҳои изофӣ аз марз аз ду тавофуқи аслии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст. Бар асоси тавофуқ, ду ҷониб муваззаф буданд нерӯҳои изофӣ ва техникаҳои ҷангиро то 18 соат аз минтақаи марзӣ берун баранд.
Инчунин бар асоси тавофуқ Қирғизистон дидбонгоҳи назоратии худро вайрон мекунад ва Тоҷикистон аз бунёди дидбонгоҳ даст мекашад.
Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик ва як афсари қирғиз ҳалок шуда, аз ду тараф чандин нафар маҷруҳ шуданд. Ду тараф якдигарро ба тиркушоӣ муттаҳам карда, ёддошти эътирозӣ супурданд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар низои ахир якдигарро дар корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда муттаҳам карданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни ду кишвар дар минтақаҳое, ки хатти марз муайян нашудааст, корҳои сохтмонӣ манъ аст.
Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷониби ҳамдигар дар ин бора нотаи эътирозӣ супурданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотаи худ гуфт, "ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса 250-300 низомиро интиқол додааст, ки онҳо ба муқобили сокинони мулкии деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда ва маҷбур сохтаанд, ки сарҳадбонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти аҳолӣ оташи ҷавобӣ кушоянд." Аммо дар нотаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки "нахустин шуда, марзбонони тоҷик постгоҳҳои марзии "Мақсад" ва "Сой"-и Қирғизистонро тирборон карданд."