Корнамоии тоҷири 33-солаи тоҷик дар Иркутски Русия
Расонаҳои Русия рӯзи 8-уми сентябр аз корнамоии як тоҷири тоҷик дар шаҳри Иркутски Русия гузориш доданд. Онҳо гуфтанд, Шамс Ширинови 33-сола гарданбанди ғоратшудаи як пиразани русро аз дасти дузде гирифта, ба ӯ баргардондааст.
“Комсолмолкая Правда-Байкал” навишт, ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр рух дод. Ба навиштаи нашрия, “зани бознишастае дод мезад, ки ӯро ғорат карданд. Шамс Ширинов барои дастгир кардани дузд аз паси ӯ давид. Ба ӯ ҳамватанонаш кумак карданд. Онҳо ба самте, ки дузд давид, ишора намуданд. Баъдан ноболиғоне, ки дучархаронӣ доштанд, ба дузд имкон надоданд, пинҳон шавад.”
Ба навиштаи расона, ба Шамс Ширинов муяссар шуд, ки дуздро дар назди Донишгоҳи Байкал дастгир кунад ва ба пулис супорад.
Бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин рафтори тоҷири тоҷик изҳори хушӣ кардаанд. Дар гузашта низ чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба кумаки дармондаҳо шитофта, дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буданд.
Баъзеи онҳо мехоҳанд, бо чунин рафтор дидгоҳи шаҳрвандони Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик тағйир диҳанд. Баъзеи дигар мегӯянд, бо вуҷуди кумак ба дармондаҳо дар Русия натанҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтанд, балки заҳмати онҳо ба номи дигарон сабт шудааст.
Дар бархе ҳолат, исми муҳоҷир зикр шавад ҳам, шаҳрвандиаш пинҳон мемонад, мисли корнамоии Алиназар Баҳодурови 21-сола, ки ҷони худро дар хатар гузошта, барои боздошти як марди мусаллаҳ кумак расонд. Расонаҳои Русия ин корнамоии Баҳодуровро нашр краданд, аммо аз кадом кишвар ва намояндаи кадом миллат будани ҷавонро "фаромӯш" намуданд.
Ҳодисаи дигар ба қаҳрамонии Собир Хаспаллаев рабт дорад. Рӯзи 5-уми декабри соли 2017 Собир шоҳиди ба дарё рафтани мошини сабукрав шуд ва зиёд фикр накарда, худро ба дарё андохту ронандаи ин мошинро наҷот дод, вале аз ӯ ном гирифта нашуд.
Аммо дар мисоли сӯхтори маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” дар Кемерово корнамоиҳои Фарзон Салимовро худи раиси Кумитаи тафтишотии Русия қадрдонӣ карда буд.