ИМА ба мухолифони Венесуэла $42 миллион медиҳад
ИМА беш аз 40 миллион доллареро, ки бояд ҳамчун кумаки башардӯстона ба кишварҳои Амрикои Марказӣ ҷудо мешуд, ба мухолифони Венесуэла хоҳад дод. The Los Angeles Times санадеро нашр кардааст, ки дар он Оҷонси рушди байналмилалии ИМА Конгрессро аз тасмими мазкур огаҳ мекунад.
Ин 42 миллион доллар ба тими раҳбари мухолифони Венесуэла Хуан Гуайдо дода мешавад. Маблағи мазкур ба маоши кормандони ситоди мухолифон, харҷи сафарҳо, ташкили давраҳои омӯзишӣ ва иҷрои ташаббусҳо дар самти "бунёди демократия" равона хоҳад шуд.
Президенти ИМА Доналд Трамп ва мушовири амнияти миллии ӯ Ҷон Болтон низоми президент Николас Мадуроро дар Венесуэла "собиқ" меноманд. Амрико ва бештари кишварҳои Аврупо ҷонибдори Гуайдо ҳастанд, ки худро президенти муваққати Венесуэла эълом кардааст.
42 миллион долларро бояд ду кишвари Амрикои Марказӣ -- Гватемала ва Гондурас дарёфт мекарданд, ки бештари муҳоҷирони ғайриқонунӣ маҳз тавассути онҳо ба ИМА роҳ меёбанд.