Хадамоти зиддиинҳисорӣ: ҳадаф аз қимат шудани барқ наҷоти “Барқи тоҷик” аст
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мехост бо қимат кардани барқ вазъии молии ширкати “Барқи тоҷик”-ро ислоҳ кунад. Аммо мақомоти ин ниҳод посух дода натавонистанд, ки чигуна ширкати “Талко” бо 7 дирам барқ мегирад, вале чаро аҳолӣ маҷбур аст, барои барқ нархи гаронтар пардозад?