"Маро ба Тоҷикистон нафиристед, шиканҷа ва зиндонӣ хоҳам шуд"
Ҳукумати Белгия масъалаи ихроҷи як зани тоҷикро аз ин кишвар баррасӣ мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ даъват доранд, Ситорамоҳ Иброҳимова ба Тоҷикистон фиристода нашавад, чун эҳтимол дорад шиканҷа ва зиндонӣ шавад.